ABNA24 : раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки ба Теҳрон сафар кардааст, шомгоҳи душанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, зимни ишора ба ин ки ҳамкории кишварҳои минтақа метавонад ба пешбурди раванди сулҳ ва гуфтугӯҳо кумак кунад гуфт, дар машваратҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ, мавозеъи кишвари ҳамсоя барои Афғонистон бисёр муҳим аст.
Абдуллоҳ бо баёни ин ки мардуми Афғонистон таъмини сулҳи пойдор ва ҳамчунин ҳифзи дастовардҳое, ки барои он қурбонӣ додаанд, хостор ҳастанд афзуд, хушбахтона мавозеъи Эрон ва Афғонистон ба ҳам наздик аст.
Раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар хусуси охирин вазъияти санади ҷомеъи ҳамкориҳои Эрон ва Афғонистон ҳам изҳор кард, тавсеъаи муносиботи иқтисодӣ ба нафъи ҳар ду кишвар аст лизо дар ду соли ахир бар рӯи санади ҷомеъи ҳамкориҳои ду кишвар кор шуда ва пешрафт ҳам доштааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи якшанбе дар садри ҳайате барои дидор ва ройзанӣ бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд.
-
Сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Теҳрон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ то кунун бо Ҳасани Руҳонӣ- раиси ҷумҳур, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои исломӣ, Алии Шамхонӣ- дабири Шурои олии амнияти миллӣ, Муҳамадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷа ва Ризо Ардакониён- вазири неруи Эрон дидору ройзанӣ кардааст.
342/